, Якшанбе, 22-декабр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

 20.11.2023 280

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

Санаи 20-уми ноябр дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи журналистика Сафарзода Манучеҳр дарси кушод дар мавзуи “Касбҳои журналистӣ” дар гурӯҳи таълимии 205-и ихтисоси рӯзноманигорӣ баргузор гардид.

Дар дарс декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Нахуст, дарсро муаллим Сафарзода Манучеҳр оғоз намуданд. Зимни баргузории дарс, муаллим доир ба мавзуи мазкур қайд намуданд: "Хеле пеш аз пайдоиши расонаҳои электронӣ, ҳатто пештар аз пайдоиши матбуоти даврӣ дар шакли имрӯзааш дар ин бора А. С. Пушкин ниҳоят хуб гуфта буд: «Табақаи журналистон парваришгоҳи одамони давлатӣ аст – онҳо инро медонанд ва барои соҳиб шудан ба афкори умум онҳо метарсанд, ки худро ба беинсофию бешарафӣ, бевиҷдонию тамаъкорӣ ва пасттинатӣ ё бешармӣ дар назари омма паст зананд".

Инчунин, ҳангоми дарс муаллим ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллим посухҳои мушаххас гардониданд.

Сипас, донишҷӯёни гурӯҳи таълимӣ тибқи роҳнамоии муаллим дар бораи чанде аз касбҳои журналистӣ маърӯзаҳои худрои ироа намуданд.

Дар фарҷом декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад суханронӣ намуда, дарси муаллимро хуб баҳогузорӣ намуданд.




Ба рӯйхат