,
Панҷшанбе, 21-ноябр
Аз санаи 7 то 10-уми ноябр дар вилояти Суғд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба бокс байни калонсолон барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Орифҷони Ғафор ва Муродзода Абубакр донишҷӯёни курси чоруми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм ва бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Ногуфта намонад, ки мусобиқа аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд миёни 5 давлат гузаронида шуда, мақсад аз баргузории он ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғиби ҳаёти солим ба шумор меравад.