, Сешанбе, 21-май

ИФТИТОҲИ СИНФХОНАИ КОМПЮТЕРӢ ВА ИМТИҲОНОТИИ ТЕСТӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

 04.11.2023 13

ИФТИТОҲИ СИНФХОНАИ КОМПЮТЕРӢ ВА ИМТИҲОНОТИИ ТЕСТӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

Санаи 4 ноябри соли 2023 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети молиявию иқтисодӣ синфхонаи компютерӣ ва имтиҳонотии тестӣ муҷаҳҳаз бо технологияҳои наву замонавии информатсионӣ бо аёниятҳои дарсӣ ва тахтаҳои электронӣ бо фароҳамсозии беш аз 20 ҷойи нишаст, ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор дода шуд.

Зимни ифтитоҳи синфхонаи мазкур бо иштироки ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, ҳайати раёсат ва профессорону кормандони донишгоҳ иброз гардид, ки компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ дар шароити нави рушди бесобиқаи илму техника яке аз роҳҳои асосии модернизатсияи раванди таълим ба ҳисоб меравад. Дар назди ҳар як таълимгоҳ вазифа меистад, ки хатмкунандагонро бо маҷмӯи донишҳои универсалӣ, маҳорат, малакаи касбии ба сатҳи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мусаллаҳ намояд. Дар ин раванд баробари компютеркунонии системаи маориф талабот ба коркарди асосҳои методии истифодаи технологияҳои иттилоотӣ низ меафзояд. Ҳалли ин масъалаҳо ба нишондодҳои барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати баланд бардоштани сифати таълим иртиботи қавӣ дорад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки  тадбири мазкур барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи гузаштан ба ҳукумати электронӣ ва фароҳамсозии имконот ҷиҳати таълиму тадрис ва донишандӯзии насли наврасу ҷавони кишвар роҳандозӣ гардидааст.

Донишҷӯёни донишгоҳ низ зимни сӯҳбат таъсису ба истифода додани синфхонаҳои мазкурро идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, онро туҳфаи арзандаи роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба амалигардонии дастурҳои роҳбарияти олии кишвар дар самти маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба раёсати донишгоҳ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи  35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 7 толори Шурои олимон низ дар факултетҳои донишгоҳ ифтитоҳ ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.




Ба рӯйхат