, Ҷумъа, 08-ноябр

АКСИЯИ ТАРҒИБОТУ ТАШВИҚОТИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ

 02.11.2023 220

АКСИЯИ ТАРҒИБОТУ ТАШВИҚОТИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ

Ҳар як миллат соҳиби таърих, забон, фарҳанги миллӣ, арзишҳо ва муқаддасоти худ мебошад, ки дар арсаи байналмилалӣ бо ин нишонаҳо муаррифӣ карда мешавад. Дар радифи ин арзишҳо либоси миллӣ низ муаррификунанда ва баёнгари фарҳанги миллии халқи тоҷик маҳсуб меёбад.

Имрӯз аз ҷонибини занону бонувон ва садорати факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аксияи тарғиботу ташвиқоти либоси миллӣ таҳти унвони "ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ" баргузор гардид. Дар рафти баргузории аксия садорати факултет, ҳайати васеи омӯзгорзанон ва донишҷӯдухтарон иштирок намуда, миёни дигар донишҷӯён варақаҳои маълумотӣ тақсим намуданд.

Бояд зикр намуд, ки ба арсаи чаҳонӣ баровардани ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, либоси зебои миллӣ – атласу адрас ва чакан, ҳамчун сарвати нодир ва бебаҳои зеҳнии мардуми тоҷик бо шарофати сиёсати хирадмандона ва табъу завқи баланд, оянданигарии поянда ва меҳанпарастии беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.




Ба рӯйхат