,
Якшанбе, 08-декабр
Дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣт санаи 31.10.2023 дарси кушоди ассистенти кафедраи журналистика Гадоева Фирӯза дар мавзуи «Мусоҳиба ва навъҳои он дар ВАО» дар гурӯҳи 204 и ихтисоси рӯзноманигорӣ аз фанни «Жанрҳои иттилоотӣ» баргузор гардид.
Дар дарс мудири кафедраи журналистика, Алишери Абдулмаҷид, ҷонишини декан оид ба тарбия Назиров Мадалӣ, ассисенти кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Сайдалиева Сарварбӣ ва дигар омӯзгорону ҳайати донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст дарсро муаллима Гадоева Фирӯза оғоз намуда, қайд карданд, ки “Дар журналистикаи имрӯза жанри мусоҳиба серистеъмолтарин жанр ба ҳисоб меравад. Ҳадафи мусоҳиба хабар додан аст, дар бораи воқеаи нав хабар метавонад бо факту рақам ё воқеаи диданию шуниданӣ ифода шавад ва хабар метавонад аз забони журналист садо диҳад, ё аз забони каси дигар. Мусоҳиба ҳамин навигарии охиринро дар назар дорад. Яъне касе навии ба амал омадаро шарҳ медиҳад, таҳлил мекунад. Аммо ин шарҳ диди шахсе аст, пас аввал дида аст, баъд мавзуъ пайдо мешавад, сипас он бо факту рақам пур карда мешавад”.
Сипас, донишҷӯён як як нисбат ба мавзӯи дар боло зикргардида фикру андешаҳои худро баён намуданд. Ҳамчунин онҳо доир ба мавзуъ мусоҳиба оростанд. Дар охир дарс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.