, Якшанбе, 22-декабр

ДОНИШҶӮЁНИ КУРСҲОИ ПАНҶУМИ ДОНИШГОҲ БА ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ САФАРБАР ГАРДИДАНД

 13.10.2023 256

ДОНИШҶӮЁНИ КУРСҲОИ ПАНҶУМИ ДОНИШГОҲ БА ТАҶРИБАОМӮЗИИ ПЕДАГОГӢ САФАРБАР ГАРДИДАНД

Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 13-уми октябри соли равон конференсияи ифтитоҳии сафарбаркунии донишҷӯёни курсҳои панҷуми ихтисосҳои ҳамгиро ба таҷрибаомӯзии педагогӣ дар ҳамкорӣ бо садоратҳои факултетҳои химия ва биология, омӯзгорӣ ва фарҳанг, филологияи рус, физика ва математикаи донишгоҳ доир намуд.

Дар кори конфронс муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобоев Бахтовар, садорати факултетҳои болозикр, роҳбарони таҷрибаомӯзӣ, методистони тахассусӣ ва донишҷӯёни ба таҷрибаомӯзӣ сафарбаршаванда иштирок намуданд.

Нахуст муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ дар сӯҳбат бо таҷрибаомӯзон таъкид намуданд, ки шумо пеш аз ҳама муарифгари Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳисоб меравед. Дар робита ба ин шуморо мебояд, ки дар асоси Низомномаи таҷрибаомӯзӣ, нақшаҳои фардӣ ва барномаҳои таҷрибаомӯзӣ фаъолият намоед. Ҳамзамон ба донишҷӯёни таҷрибаомӯз таъкид карданд, ки  малакаҳои андухтаашонро дар робита ба фанҳои методикаи таълим, педагогика ва психология дар амал эҷодкорона истифода баранд ва онҳоро такмилу инкишоф диҳанд.

Зимнан, дар идомаи конфронс мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобоев Бахтовар талаботи низомномаи таҷрибаомӯзии педагогиро доир ба тартиби баргузории таҷрибаомӯзӣ, вазифа ва ӯҳдадориҳои донишҷӯён дар раванди он ба иштирокчиён фаҳмонид.

Кори конфронс бо саволу ҷавоб миёни донишҷӯёну методистон ва баррасии масъалаҳои марбут ба таҷрибаомӯзии педагогӣ ба охир расид.




Ба рӯйхат