,
Сешанбе, 10-декабр
Дар доираи амалӣ намудани Созишномаҳои ҳамкорӣ ба МТОК-и хориҷи кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд.
Тибқи чунин як нақшаи муштарак бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия, имрӯз барои донишҷӯёни ихтисоси таърих ва филологияи рус аз ҷониби доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи мазкур Скопа Виталий Александрович дар мавзуи “Таърихи фарҳанги асрҳои XIII-XVIII-и рус” тариқи онлайн машғулияти назариявӣ гузаронида шуд.
Баъд аз анҷоми машғулияти навбатӣ аз ҷониби донишҷӯён ба омӯзгор оид ба таърихи пурғановати Россия саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба онҳо посухҳои саҳеҳ гардонида шуд.
Муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова бо шахсони масъули ДДОА бобати чорабиниҳои минбаъда дар доираи Созишномаҳои ҳамкорӣ табодули андеша намуданд.
Ёдрас менамоем, ки пайваста чунин машғулиятҳои онлайнӣ бо иштироки олимону омӯзгорони донишгоҳҳои хориҷи кишвар барои ихтисосҳои гуногун доир карда мешавад, ки ҷиҳати баланд гардидани савияи донишиши муҳассилин нақши созгор дорад.