, Ҷумъа, 27-декабр

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

 11.10.2023 246

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

Санаи 11-уми октябр дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии муаллими калони кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ Орифов Орзу Обидхуҷаевич дар мавзуи “Хусусиятҳои педагогии рафъи мушкилот дар таълими забонҳои хориҷӣ дар равияҳои гуманитарии мактатҳои олӣ (дар мисоли забони англисӣ)” (роҳбари илмӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ) баргузор гардид.

Дар муҳокима Рафиев Сафархон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, Шарофат Худойдодова, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, Сафарзода Мунир, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, муовини ректор оид ба тарбия, Гуламатшоев Шокир, номзади илмҳои филологӣ, Шарипов Хуршед, номзади илмҳои педагогӣ ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Сафарзода Мунир, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Гуламатшоев Шокир, номзади илмҳои филологӣ, Шарипов Хуршед, номзади илмҳои педагогӣ баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.

Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии унвонҷӯй Орифов Орзу Обидхуҷаевич бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба унвонҷӯй ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.




Ба рӯйхат