, Чоршанбе, 03-июл

ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ ҶОЙИ 1-УМ ГАРДИД!

 09.10.2023 58

ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ ҶОЙИ 1-УМ ГАРДИД!

Чанде пеш идораи рӯзномаи «Хатлон» дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» озмуни эҷодиро барои беҳтарин маводи публитсистӣ таҳти унвони «Ифтихори ватандорӣ» эълон карда буд.

Ҳадафҳои асосии баргузории озмун дастгирии рӯзноманигорон, кормандони расонаҳои хабарии шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ, инъикоси раванди корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби фаъолияти бунёдгаронаи соҳибкорон, аҳли ҷомеа, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон, қаҳрамонони меҳнат, мудофиаи Ватан, тарбияи ватанпарварии насли наврас, ширкати ҷавонон дар рушди вилоят, инъикоси густурдаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба зебопарастӣ, ободу зебогардонии Ватан, саҳмгузорӣ дар рушди деҳу маҳал ва бунёду азнавсозии маҷмааҳои фарҳангӣ-маишӣ ва ободу ҳуснороии манзилҳои истиқоматӣ, корҳои ободониву созандагӣ, мусоидат намудан дар таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба шумор мерафт.

Имрӯз дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар маросими қадрдонии ғолибони озмуни эҷодии рӯзномаи “Хатлон” таҳти унвони «Ифтихорӣ ватандорӣ» бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ баргузор гардид.

Абдуллоев Насрулло, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ин озмун иштирок намуда, сазовори ҷойи 1-ум гардид ва бо Диплому мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуд.

Раёсати Донишгоҳ Абдуллоев Насруллоро барои ба даст овардани ин муваффақият самимона табрик мекунад ва дар корҳои минбаъдаашон комёбӣ таманно дорад.




Ба рӯйхат