, Сешанбе, 17-ноябр

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 14-уми ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таъминоти барномавӣ ва Web-дизайн бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Чорабиниро декани факултети физика, математика ва информатика, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самариддинова Зайнаб оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни фархундаи миллӣ табрик гуфт ва нақши созандаи Пешвои миллатро дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус илму маориф таъкид намуд.

Дар идомаи кори мизи мудаввар маърӯзачиён оид ба паҳлуҳои гуногуни сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат баромад намуданд. Аз ҷумла, мудири кафедраи таъминоти барномавӣ ва Web-дизайн, н.и.п., муаллими калон Шоҳсанами Ризо дар мавзуи «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди маориф, илм ва технологияҳои муосир» баромад карда, доир ба таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ бо техникаи замонавӣ ибрози андеша намуд. Ҳамчунин, мудири кафедраи методикаи таълими таърих, дотсент Холмуродзода Меҳрафрӯз дар мавзуи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ», муаллими калони кафедраи таъминоти барномавӣ ва Web-дизайн Сафаров Сафаралӣ дар мавзуи «Нақши роҳбарияти давлат дар рушди зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии соҳаи маориф» ва ассистенти ҳамин кафедра Исмоили Юсуф дар мавзуи «Пешрафти технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсия дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон» маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод карда, аҳамияти татбиқи технологияҳои рақамӣ ва инноватсияро дар омодасозии мутахассисони рақобатпазир шарҳ доданд.

Дар фарҷом миёни устодону донишҷӯён ва иштирокдорони мизи мудаввар оид ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор ва музокироти судманд сурат гирифт. Иштирокчиён зикр намуданд, ки сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонону муҳаққиқон имкониятҳои васеи рушди илмӣ ва омӯзиши технологияҳои муосири иттилоотиро фароҳам овардааст.




Ба рӯйхат