,
Сешанбе, 17-ноябр
14 ноябри соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи география ва сайёҳии факултети география ва иқтисодиёти рақамӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Рӯзи Президент - таҷассумгари давлатдории навини тоҷикон” баргузор гардид.
Дар оғози мизи мудаввар декани факултет, дотсент Давлатзода Шералӣ суханронӣ намуда, доир ба аҳамияти таърихию сиёсии Рӯзи Президент дар ҳаёти ҷомеа ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон андешаронӣ карданд.
Сипас, Иброҳимова Рухшона, дотсент, мудири кафедраи география ва сайёҳӣ, дар мавзуи “Рӯзи Президент - рамзи садоқат ба Пешвои миллат” маърӯза намуда, доир ба ҷойгоҳи Рӯзи Президент дар низоми ҷашну санаҳои муҳими давлатӣ, нақши ин сана дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ ибрози андеша кард.
Ҳамзамон, Парвинаи Ш., донишҷӯи курси сеюми ихтисоси география, дар мавзуи “Рӯзи Президент дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол” баромад намуд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар таъкид гардид, ки омӯзиши таърихи давлатдории миллӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолият яке аз омилҳои муҳими ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Мизи мудаввар дар фазои эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ифтихор аз соҳибистиқлолии кишвар ва руҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ҷамъбаст гардид.