, Душанбе, 09-ноябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

5 ноябри соли 2026 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили илмӣ-амалии “Маърифати молиявӣ”–и назди кафедраи молия ва қарз баргузор гардид.

Маҳфил дар мавзуи «Такмили механизми андозбандӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёти кишвар» доир гардида, зимни он масъалаҳои марбут ба низоми андозбандӣ, роҳҳои такмили механизмҳои андозситонӣ ва саҳми сиёсати самараноки андоз дар рушди иқтисодиёти кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар маҳфил донишҷӯи курси чоруми ихтисоси андоз ва андозбандӣ Ҳамзаи Саидмаҳмуд бо маърӯза баромад намуда, доир ба аҳамияти такмили низоми андозбандӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ андешаҳои худро баён кард.

Маҳфили мазкур ба баланд бардоштани маърифати молиявӣ, густариши донишҳои назариявию амалии донишҷӯён ва тақвияти малакаи таҳқиқотии онҳо равона гардид.




Ба рӯйхат