,
Чоршанбе, 28-октябр
27 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи математика ва методикаи таълими он ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои муосири методикаи таълими математика ва роҳҳои беҳтарсозии таълими он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» баргузор гардид. Ҳамоишро мудири кафедра муаллими калон Кӯлобизода Мирзо ифтитоҳ намуда, дар бораи аҳаммияти баррасии масъалаҳои мубрами таълими математика, такмили усулҳои муосири омӯзиш ва баланд бардоштани сифати таълим ибрози назар кард.
Сипас, ҳамоиш тибқи барномаи тасдиқгардида идома ёфт. Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои марбут ба ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон дар раванди ҳалли масъалаҳои матнӣ, муносибати босалоҳият ба таълим ва тағйироти вобаста ба он, инчунин истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар омодасозии хонандагон ба олимпиадаҳои фанни математика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Доир ба мавзӯъҳои зикршуда омӯзгорони кафедраи математика ва методикаи таълими он Шарипов Шамсиддин, Имомов Зафар ва ассистенти кафедра Абдусамадзода Убайдулло маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.
Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён атрофи роҳҳои такмили методикаи таълими математика, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва ҷорӣ намудани усулҳои самараноки таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ табодули назар карданд. Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ барои таҳкими робитаи илм бо амалияи таълим, ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳалли масъалаҳои методӣ ва беҳтар намудани сифати таълими фанни математика заминаи мусоид фароҳам меорад.