, Чоршанбе, 28-октябр

«КОРВОНИ КИТОБ» ДАР НАЗДИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ


«КОРВОНИ КИТОБ» ДАР НАЗДИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

27 октябри соли 2026 дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иқдоми фарҳангии «Корвони китоб» оғоз гардид. Ин иқдом бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи китобдорӣ, ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳо, тарғиби фарҳанги китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа роҳандозӣ шудааст.

Интихоби Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун макони оғози иқдом дар шаҳри Кӯлоб баёнгари мавқеи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар тарғиби арзишҳои фарҳангӣ, густариши донишандӯзӣ ва ташаккули маърифати насли ҷавон мебошад. Донишгоҳ ҳамчун маркази илму маърифат дар ҳаёти фарҳангии минтақа нақши муҳим дошта, баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими робитаи илму маориф бо фарҳанг заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар доираи чорабинӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор гардида, маҷмуаи гуногуни асарҳои адибони классикӣ ва муосир, адабиёти илмӣ, бадеӣ ва бачагона ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта шуд. Намоиш боиси таваҷҷуҳи ҳайати раёсат, устодону донишҷӯёни донишгоҳ, аҳли илму адаб ва сокинони шаҳр гардида, иштирокчиён аз имконияти шиносоӣ бо китобҳои нав ва харидории осори мавриди ниёзи худ баҳравар шуданд. Устодону донишҷӯён низ бо дарки аҳаммияти китоб дар раванди таълиму тарбия ва такмили дониш аз намоиш дидан намуда, китобҳои гуногунро харидорӣ карданд.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи ин иқдом ба китобхонаҳои минтақа 6 ҳазору 226 нусха китоб аз рӯйи 40 номгӯй ба таври ройгон тақдим карда мешавад. Ин тадбир барои ғанӣ гардонидани захираи китобхонаҳо, беҳтар намудани дастрасии хонандагон ба адабиёти гуногунжанр ва фароҳам овардани имконоти бештари донишандӯзӣ мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки китоб дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди тафаккури интиқодӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи маънавии ҷавонон нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, баргузории «Корвони китоб» дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо як чорабинии фарҳангӣ, балки иқдоми муҳим дар самти таҳкими фарҳанги мутолиа ва ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ маҳсуб мешавад.

Иқдоми мазкур дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2026-2030 амалӣ мегардад.




Ба рӯйхат