, Чоршанбе, 28-октябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «МУҲОСИБОНИ КАСБӢ»


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «МУҲОСИБОНИ КАСБӢ»

27 октябри соли 2026 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии илмии «Муҳосибони касбӣ»-и назди кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит баргузор гардид.

Нахуст, роҳбари маҳфил Хидиров Фарҳод суханронӣ намуда, доир ба аҳаммияти маҳфилҳои илмӣ дар баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ ва ташаккули малакаҳои таҳқиқотии донишҷӯён ибрози назар кард.

Сипас, тибқи нақшаи кории маҳфил, маърӯзаи донишҷӯи курси сеюми факултет Мирзода Муҳибулло дар мавзуи «Истифодаи зеҳни сунъӣ барои моделсозии равандҳои маърифатии инсон» шунида шуд.

Маърӯзакунанда зимни баромади худ оид ба таърихи пайдоиш ва марҳилаҳои рушди зеҳни сунъӣ, инчунин имкониятҳои истифодаи он дар моделсозии равандҳои маърифатии инсон маълумот пешниҳод намуд. Ҳамзамон, аҳаммияти татбиқи самараноки технологияҳои зеҳни сунъӣ дар фаъолияти корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла нақши онҳо дар такмили равандҳои корӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар қисмати ҷамъбастии маҳфил миёни иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифта, масъалаҳои матраҳгардида мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокдорон андешаҳои худро баён намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуъ мубодилаи афкор карданд.

Баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ барои густариши ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён, тақвияти малакаҳои таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо аз дастовардҳои муосири илму технология заминаи мусоид фароҳам меорад.




Ба рӯйхат