,
Чоршанбе, 28-октябр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавӣ аз ҷониби олимон, муҳаққиқон ва омӯзгорон мунтазам ба роҳ монда шудааст. Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, мубодилаи таҷрибаи педагогӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва ҷалби бештари донишҷӯён ба раванди таълим мебошад.
Дар ҳамин замина, 27 октябри соли 2026 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ аз ҷониби номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик-Холиқова Зайналбӣ, барои донишҷӯёни гурӯҳҳои таълимии 301-302-и ихтисоси «Забон ва адабиёти тоҷик» аз фанни курси махсуси адабиёти тоҷик дарси намунавӣ дар мавзуи «Симои марказии зан-модар дар ашъори Мирзо Турсунзода» баргузор гардид. Дар машғулият ҳайати васеи омӯзгорони факултет иштирок намуданд.
Омӯзгор дарсро тибқи талаботи муқарраргардидаи таълимӣ оғоз намуда, бо истифода аз усулҳои муосири таълим мазмуну муҳтавои мавзуъро шарҳ дод. Сипас, донишҷӯён доир ба яке аз самтҳои муҳими эҷодиёти Мирзо Турсунзода - васфи зан-модар дар ашъори шоир, баромад намуда, андешаҳои худро баён карданд.
Зимни машғулият паҳлуҳои гуногуни ин мавзуъ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ҷойгоҳи зан-модар, мақому манзалати ӯ ва инъикоси симои модар дар ашъори шоир аз нигоҳи адабӣ ва тарбиявӣ арзёбӣ гардид.
Донишҷӯён дар раванди дарс фаъолона иштирок намуда, доир ба хусусиятҳои эҷодӣ ва нақши мавзуи зан-модар дар осори Мирзо Турсунзода мубодилаи афкор карданд.
Дарси намунавӣ барои такмили донишҳои адабии донишҷӯён, рушди тафаккури таҳлилӣ ва таҳкими эҳтиром ба мақому манзалати зан-модар мусоидат намуда, дар заминаи мубодилаи таҷрибаи педагогӣ аҳаммияти муҳим дошт.