,
Сешанбе, 27-октябр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар назди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ семинари илмии доимамалкунанда баргузор гардид, ки ба омӯзиши таърихи пайдоиш ва рушди намудҳои маъруфи варзиш ва аҳаммияти онҳо дар тарбияи ҷисмонии ҷавонон бахшида шуда буд.
Дар он ҳайати устодони кафедра иштирок намуда, доир ба масъалаҳои таърихи варзиш, ташаккули ҳаракати олимпӣ ва нақши варзиш дар рушди ҷисмонию маънавии насли ҷавон мубодилаи афкор намуданд.
Дар семинар муаллими калони кафедра Каракулов Алоуддин дар мавзуи «Таърихи пайдоиш ва рушди бозии баскетбол» маъруза пешниҳод кард. Зимни баромад таърихи пайдоиши баскетбол, марҳилаҳои асосии ташаккул ва рушди он, инчунин аҳаммияти ин намуди варзиш дар инкишофи қобилиятҳои ҷисмонӣ, чолокӣ, суръат ва маҳорати ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки омӯзиши таърихи баскетбол барои баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва такмили фаъолияти касбии омӯзгорони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамзамон, ассистенти кафедра Амиров Ёраҳмад дар мавзуи «Таърихи пайдоиши Бозиҳои олимпӣ» маъруза намуд. Дар рафти баромад таърихи Бозиҳои олимпии Юнони Қадим, эҳёи Бозиҳои олимпии муосир ва нақши ҳаракати олимпӣ дар таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни халқҳо шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Зикр гардид, ки арзишҳои олимпӣ, аз ҷумла эҳтиром, дӯстӣ, адолат ва риояи қоидаҳои мусобиқа, дар тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон ва ташаккули тарзи ҳаёти солим нақши муассир доранд.
Мавзуъҳои баррасишуда аҳаммияти илмӣ ва амалӣ дошта, барои ғанӣ гардонидани донишҳои касбии устодон, баланд бардоштани маърифати варзишӣ ва такмили раванди таълиму тарбияи ҷисмонӣ мусоидат менамоянд. Чунин чорабиниҳо инчунин барои густариши мубодилаи таҷриба, таҳкими робитаи донишҳои назариявӣ бо фаъолияти амалӣ ва тарғиби арзишҳои варзишӣ дар байни донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меоранд.