,
Душанбе, 19-октябр
17-18 октябри соли 2026 дар Маҷмааи варзишии шаҳри Кӯлоб Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президент байни калонсолон бо иштироки ҷудокорони тамоми кишвар ва бо ҷалби ҳаводорони зиёди ин риштаи варзиш баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоҳир, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Боиси нишоти афзун аст, ки донишҷӯи курси 4-уми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ-Мустафои Абдулфайз, дар вазни 66 кг-и Чемпионат ҳунарнамоӣ намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Ин пирӯзии арзишманд самараи заҳмати пайваста, машқу тамрини мунтазам, иродаи қавӣ ва маҳорати баланди варзишии Мустафои Абдулфайз буда, барои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва кулли варзишгарони кишвар мояи ифтихор мебошад.
Раёсати донишгоҳ Мустафои Абдулфайз ва устодону мураббиёни ӯро ба ин дастоварди бузург самимона табрик гуфта, дар мусобиқаҳои минбаъдаи байналмилалӣ пирӯзиҳои наву комёбиҳои бештар орзу менамояд.