, Душанбе, 19-октябр

ТАШАББУСИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ФАСЛИ ТИРАМОҲ


ТАШАББУСИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ФАСЛИ ТИРАМОҲ

Имрӯз 18-уми октябри соли 2026 ҳайати раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва устодону кормандони муассиса дар лагери истироҳативу омӯзишии «Истиқлол»-и назди донишгоҳ, воқеъ дар ноҳияи Муъминобод, корҳои дастаҷамъонаи ободониву покизакориро анҷом доданд. Ин иқдом дар доираи омодагӣ ба фасли тирамоҳ ва бо мақсади нигоҳдории тозагӣ, ободонӣ ва фароҳам овардани муҳити солиму зебо дар ҳудуди лагер роҳандозӣ гардид. Зимни корҳои созандагӣ иштирокдорон баргҳои рехтаи дарахтонро ҷамъоварӣ намуда, роҳравҳо ва гирду атрофи биноҳоро аз баргу хасрӯба тоза карданд. Ҳамзамон, бо риояи қоидаҳои бехатарӣ, баъзе шохаҳои хушкшуда ва зиёдатии дарахтонро бурида, барои нигоҳубини дуруст ва беҳтар гардидани намуди зоҳирии сабзазор тадбирҳои зарурӣ андешиданд.

Бо фаро расидани фасли тирамоҳ, ки баргрезии дарахтон ва тағйирёбии вазъи обу ҳаво хосси он аст, анҷом додани чунин корҳои мавсимӣ аҳаммияти махсус дошта, барои пешгирии ҷамъшавии баргҳои хушк, нигоҳ доштани тозагии муҳити зист ва омода намудани ҳудуди лагер ба рӯзҳои сарди пешомад мусоидат мекунад. Ин иқдоми дастаҷамъона бори дигар нишон дод, ки таваҷҷуҳ ба ободонии муҳити зист, ҳифзи табиат ва нигоҳдории тозагӣ аз ҷумлаи масъулиятҳои муҳими ҳар як корманд буда, дар таҳкими фарҳанги шаҳрдорӣ ва тарбияи муносибати ғамхорона нисбат ба муҳити атроф нақши муҳим дорад.




Ба рӯйхат