,
Сешанбе, 29-сентябр
Имрӯз, 28 сентябри соли 2026, дар доираи сафари кории муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ ба шаҳри Кӯлоб дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати баррасӣ ва арзёбии вазъи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ ва муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо роҳбарӣ намуданд. Дар он роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба таҷлили ҷашни миллӣ, раванди иҷрои нақшаи чорабиниҳои пешбинигардида ва корҳои анҷомдодашуда дар ин самт мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъулони сохторҳои дахлдор доир ба вазъи корҳои омодагӣ ва тадбирҳои амалишуда маълумот пешниҳод карданд. Ҳамчунин, ҷиҳати муайян ва бартараф намудани мушкилоту норасоиҳои мавҷуда, беҳтар намудани сифати корҳои анҷомдодашаванда ва таъмини иҷрои саривақтии чорабиниҳои нақшавӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.
Таъкид шуд, ки корҳои омодагӣ бояд тибқи муҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом расонида шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва вусъат бахшидани раванди корҳои созандагиву ободонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Аз масъулони дахлдор талаб гардид, ки назорати иҷрои нақшаи чорабиниҳо пурзӯр карда шуда, рафти омодагиҳо мунтазам таҳти назорат қарор гирад.
Дар фарҷоми ҷаласа ба масъулон дастур дода шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда корҳои омодагӣ ва ташкилию созандагиро тақвият бахшида, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоянд.