,
Шанбе, 19-сентябр
Дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди варзиш ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод дар кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам омадаанд. Самараи ин таваҷҷуҳ иштироки фаъолонаи ҷавонон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва ба даст овардани дастовардҳои арзишманд мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки ду донишҷӯи курси якуми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши вазнин байни писарони синни 15-20-сола барои дарёфти Ҷоми «Неру» баромади шоиста намуда, ҳар ду сазовори ҷойи якум гардиданд.
Салимзода Иброҳим дар вазни 81 кг ва Карчиев Саидшо дар вазни 96 кг бо маҳорати баланд рақибони худро мағлуб намуда, бо медали тилло ва дипломи мусобиқа қадрдонӣ шуданд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин дастоварди арзишмандро ба ғолибон, устодону мураббиёни онҳо самимона табрик гуфта, дар роҳи варзишӣ барору зафарҳои нав, саломатии бардавом ва пирӯзиҳои боз ҳам бештар дар арсаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ таманно менамояд.