, Шанбе, 19-сентябр

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ


ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ

15-уми сентябри соли 2026 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми байналмилалии иқтисоди рақамии Созмони Ҳамкории Шанхай - 2026 ба кори худ оғоз намуд.

Дар ин Форуми байналмилалӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад ва сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Муродзода Баҳриддин Раҳмон муаррифӣ намуданд.

Дотсент Абдусамадзода Эраҷ дар бахши асосии форум дар мавзуи «Нақши донишгоҳҳо дар рушди иқтисоди рақамӣ» суханронӣ намуда, аҳамияти рақамикунонии таҳсилот, истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим ва омода намудани кадрҳои рақобатпазирро таъкид кард.

Ҳамзамон, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои илмию академӣ бо донишгоҳҳои кишварҳои аъзои СҲШ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки рақамӣ ва табодули таҷрибаи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Иштироки намояндагони ДДК ба номи А. Рӯдакӣ дар чунин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди рақамикунонии таҳсилот ва баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ дар фазои ҷаҳонии таҳсилот ба ҳисоб меравад.




Ба рӯйхат