, Панҷшанбе, 10-сентябр

ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ИЛМУ ТЕХНОЛОГИЯ: ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ


ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ИЛМУ ТЕХНОЛОГИЯ: ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабллоҳи Рӯдакӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ ва конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди зеҳни сунъӣ: таҳаввулоти илмӣ, технологӣ ва дурнамои рушди устувор» баргузор гардид.

Чорабинии тантанавӣ бо қадршиносии як гурӯҳ устодону кормандони донишгоҳ, ки дар паради ҳарбии шаҳрӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ фаъолона иштирок намуда, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва интизоми намунавӣ нишон дода буданд, оғоз ёфт. Дар саҳни бинои маъмурии донишгоҳ дар фазои тантанавӣ ба фаъолон Сипосномаҳои раёсати донишгоҳ супорида шуданд.

Сипас, меҳмонон ва иштирокчиёни конфронс аз намоишгоҳи асарҳо ва дастовардҳои илмӣ, эҷодӣ ва инноватсионии устодону донишҷӯён, ки дар даромадгоҳи бинои асосии донишгоҳ ташкил гардида буд, боздид намуданд. Маҳсули фаъолияти илмӣ ва эҷодии аҳли донишгоҳ, ки дар ин намоишгоҳ муаррифӣ гардид, аз рушди иқтидори зеҳнӣ, эҷодӣ ва навоваронаи муассиса шаҳодат медод.

Баъдан дар толори фарҳанги муассиса бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши асосии ҳамоиш оғоз гардид. Ҳозирин ҳамчунин филми ҳуҷҷатии «Шукӯҳи истиқлол»-ро дастаҷамъона тамошо намуданд, ки дар он дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ бозтоб ёфта буд.

Раёсати конфронсро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, доктори илмҳои фалсафа Ибодов Маҳмадулло, номзади илмҳои педагогӣ Аюбзода Сафар Аюб ва номзади илмҳои таърих Холмуродзода Меҳрафрӯз ба уҳда доштанд.

Ректори донишгоҳ профессор Сафарзода Мунир Ватан зимни сухани ифтитоҳӣ аҳли толор-олимону донишмандон, собиқадорони меҳнат, устодону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳро ба муносибати ҷашни мубораки 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид намуд, ки истиқлолият барои мардуми тоҷик на танҳо рамзи соҳибдавлатӣ, балки заминаи асосии таҳкими ҳувияти миллӣ, рушди устувори ҷомеа ва фароҳам овардани имкониятҳои созанда барои наслҳои имрӯз ва фардо мебошад.

Дар идомаи суханронӣ зикр гардид, ки маҳз дар заминаи сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти давлат, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвар марҳалаҳои ҳассоси таърихиро бо сарбаландӣ паси сар намуда, ба сӯи сулҳу суботи пойдор, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими ҷойгоҳи худ дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор гузошт.

Дар ин замина, дастовардҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ ҳамчун ҷузъи муҳими дастовардҳои соҳаи маориф ва илми кишвар арзёбӣ гардиданд. Нишондиҳандаҳои соли таҳсили ҷорӣ низ аз натиҷаҳои назарраси фаъолияти донишгоҳ шаҳодат медиҳанд.

Идомаи мантиқии конфронсро баррасии масъалаҳои муҳими илмӣ ва дурнамои рушди технологияҳои муосир ташкил дод. Дар ин қисмати чорабинӣ масъалаҳои истиқлолияти давлатӣ, рушди зеҳни сунъӣ, таҳаввулоти илмӣ-технологӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сабақҳои таърихии даврони истиқлол мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Доктори илмҳои фалсафа, профессор Ибодов Маҳмадулло дар маърузаи худ таҳти унвони «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди зеҳни сунъӣ: аз иқтидори илмии миллӣ то ташаббусҳои байналмилалӣ» ҷанбаҳои фарҳангӣ ва фалсафии истиқлолиятро дар шароити таҳаввулоти босуръати рақамӣ мавриди таҳлил қарор дод. Таъкид гардид, ки рушди зеҳни сунъӣ бояд на танҳо ба пешрафти технологӣ, балки ба таҳкими иқтидори илмии миллӣ, рушди маориф ва татбиқи ҳадафҳои созандаи кишвар дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ равона гардад.

Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Аюбзода Сафар Аюб дар мавзуи «35 соли Истиқлолияти давлатӣ: рушди илм, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон» суханронӣ намуда, раванди воридсозии технологияҳои муосири педагогӣ ва рақамиро ба низоми таҳсилоти олӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳро дар даврони истиқлол мавриди таҳлили амиқ қарор дод.

Номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими он Холмуродзода Меҳрафрӯз дар мавзуи «Истиқлолияти давлатӣ ва сабақҳои таърихи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» андешаҳои хешро ироа намуда, ба аҳамияти омӯзиши сабақҳои таърихӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва нақши давлатдории миллӣ дар таъмини суботи ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Конфронс бо маросими тантанавии қадршиносии устодону кормандон ва собиқадорони донишгоҳ идома ёфт. Барои хизматҳои содиқона дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли ҷавон, фаъолияти самаранок ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ ба як қатор омӯзгорону кормандон Сипосномаҳои раёсати донишгоҳ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Дар маҷмуъ, ҳамоиши тантанавӣ ва конференсияи илмӣ-назариявӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо арҷгузорӣ ба ин рӯйдоди бузурги таърихӣ, балки бозтоби дастовардҳои муассиса дар самтҳои маориф, илм, инноватсия ва тарбияи насли созанда гардид.

Истиқлолият барои ҳар як миллат оғози марҳалаи нави худшиносӣ, давлатсозӣ ва эҷодкорист. Барои Тоҷикистон низ ин неъмати бузурги таърихӣ заминаи рушди босуръати соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла маорифу илм ва технологияҳои навинро фароҳам овард. Дастовардҳои имрӯз ва ҳадафҳои фардо аз ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус аҳли илму маориф, масъулияти бештар тақозо менамоянд.

Ҳамоиши мазкур бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз соҳибистиқлолии Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва эътимод ба ояндаи созандаи Тоҷикистон ба анҷом расид.




Ба рӯйхат