, Панҷшанбе, 10-сентябр

ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ СОҲИБИ ҶОЙИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ГАРДИД


ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ СОҲИБИ ҶОЙИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ГАРДИД

Боиси ифтихор аст, ки дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарзона Исмоилова дар Озмуни ҷумҳуриявии “Рушди маориф дар замони Истиқлоли давлатӣ” сазовори ҷойи сеюм гардид.

Озмуни мазкур аз ҷониби ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар ҳамбастагӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадафи он тавзеҳу баррасии марҳалаҳои рушди соҳаи маориф, муаррифии дастовардҳо ва навгониҳои соҳа, инчунин муайян намудани беҳтарин асарҳои публитсистӣ буд.

Дар маросими ҷамъбасти озмун ғолибон бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд. Соҳиби ҷойи намоён гардидани омӯзгори донишгоҳ бозгӯи маҳорати баланди эҷодӣ, саҳми арзанда дар рушди журналистикаи илмӣ ва инъикоси масъалаҳои муҳими соҳаи маориф мебошад.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин дастовардро ба Фарзона Исмоилова самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву эҷодӣ барору комёбиҳои бештар ва дастовардҳои нав ба нав орзу менамояд.




Ба рӯйхат