,
Душанбе, 20-июл
(Сафарбар гардидани фарзандони омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба лагери таълимиву истироҳатии «Истиқлол»-и муассиса)
Субҳи 6-уми июли соли 2026 саҳни бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шоҳиди як рӯйдоди фараҳбахшу хотирмон гардид. Дар фазои пур аз шодиву самимият фарзандони омӯзгорону кормандони донишгоҳ, ки бо чеҳраҳои пурнишот ва орзуҳои кӯдакона роҳ сӯи истироҳату омӯзиш доштанд, ба Лагери таълимиву истироҳатии «Истиқлол»-и муассиса гусел карда шуданд.
Ин иқдоми созанда бо ибтикори раёсати донишгоҳ ва дар доираи татбиқи сиёсати инсонпарваронаву маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳат, рушди маънавию зеҳнӣ ва тарбияи ҳамаҷонибаи фарзандони омӯзгорону кормандон равона шудааст.
Лагери таълимиву истироҳатии «Истиқлол», ки дар мавзеи хушбоду ҳаво ва сабзу хуррами ноҳияи Муъминобод ҷойгир мебошад, имсол 110 нафар кӯдакро дар ду давра ба истироҳату фароғат фаро мегирад. Дар ҳар як давра 55 нафар кӯдак бо шароити мусоиди зист, ғизои босифат ва барномаи фарогири таълимиву тарбиявӣ таъмин мегарданд.
Зимни маросими гусели кӯдакон ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан таъкид намуд, ки таваҷҷуҳ ба фарзандони омӯзгорону кормандон ва муҳайё намудани имкониятҳои арзандаи истироҳату омӯзиши онҳо аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии раёсати донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Дар зимн ишора шуд, ки лагерҳои таълимиву истироҳатӣ на танҳо макони фароғат, балки муҳити созгор барои ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди қобилиятҳои эҷодӣ, тарбияи ахлоқӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстии насли наврас мебошанд.
Бояд зикр намуд, ки дар Лагери таълимиву истироҳатии «Истиқлол» барои ташкили истироҳат ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Дар доираи барномаи лагер баргузории бозиҳои варзишӣ, маҳфилҳои адабию фарҳангӣ, машғулиятҳои омӯзишӣ, чорабиниҳои маърифатӣ ва дарсҳои тарбиявӣ пешбинӣ шуда, ҳамаи онҳо ба ташаккули шахсияти фаъоли иҷтимоӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва парвариши рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ нигаронида шудаанд.
Ин ташаббуси нек бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи раёсати донишгоҳ ба масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии омӯзгорону кормандон ва таҳкими робитаи муассири муассисаи таълимӣ бо оила мебошад. Зеро сармоягузорӣ ба тарбия ва рушди кӯдак, сармоягузорӣ ба фардои ҷомеа ва давлат аст.