, Душанбе, 20-июл

ТАВСЕАИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ ГИМЧЕОНИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ


ТАВСЕАИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ ГИМЧЕОНИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

Дар доираи сиёсати «дарҳои боз» ва дар партави сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, миёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи Гимчеони Ҷумҳурии Кореяи (Кореяи Ҷанубӣ) мулоқоти судманди маҷозӣ баргузор гардида, Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Зимни мулоқот ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ профессор Сафарзода Мунир Ватан аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва рушди муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея, бахусус дар самтҳои илму маориф, ёдовар гардида, онҳоро самараи сиёсати мутавозини роҳбарияти олии ду кишвар арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки дар заминаи санади баимзорасида ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси Маркази омӯзиши забони кореягӣ, роҳандозии ихтисоси забони кореягӣ дар заминаи факултети филологияи хориҷӣ, табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, идомаи таҳсил дар зинаҳои гуногуни Донишгоҳи Гимчеон, инчунин баргузории барномаҳои муштараки онлайнӣ, вебинарҳо ва синфхонаҳои виртуалӣ ба роҳ монда мешавад.

Зикр гардид, ки имзои ёддошти мазкур дар доираи татбиқи “Стратегияи рушди муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ барои солҳои 2026-2030” сурат гирифта, барои таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва воридшавӣ ба фазои байналмилалии таҳсилоти олӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.




Ба рӯйхат