,
Душанбе, 20-июл
Дар ҷаласаи васеи кафедраи назарияви иқтисодии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаҳои илмии унвонҷӯёни кафедра Моҳираи Ҷурахон дар мавзуи “Асосҳои назариявии саноатикунонии босуръат дар МОИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли вилояти Хатлон)”, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Саидмуродова М.А. баргузор гардид.
Дар ҷараёни муҳокима иштирокчиён ва муқарризони холис ҷанбаҳои муҳими рисолаи илмиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба такмил ва беҳтар намудани он пешниҳоду тавсияҳои судманд ироа намуданд. Рисолаи илмӣ бо дарназардошти эроду тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои баррасӣ дар марҳилаи минбаъда тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиашон барору комёбиҳо таманно намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ба онҳо муваффақиятҳои нав орзу менамояд