, Сешанбе, 30-июн

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИСТЕҲСОЛОТ-ИЛМ-МАОРИФ»-И ЧИН ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ


ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИСТЕҲСОЛОТ-ИЛМ-МАОРИФ»-И ЧИН ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Рӯзҳои 25-26 июни соли 2026 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Халқии Чин Конфронси байналмилалии «Истеҳсолот-Илм-Маориф» байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (2026 China-Central Asia Conference on Industry-University-Research-Application Collaboration) баргузор гардид. Ин ҳамоиши сатҳи баланд намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ, сохторҳои давлатӣ ва бахши истеҳсолии кишварҳои иштироккунандаро барои таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва татбиқи технологияҳои муосир муттаҳид намуд.

Дар кори конфронси мазкур сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Муродов Баҳриддин иштирок намуда, дар яке аз ҷаласаҳои илмӣ бо маърӯза баромад кард. Зимни баромад имкониятҳои илмию таълимӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ, таҷрибаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва нақши муассисаро дар омодасозии мутахассисони рақобатпазир муаррифӣ намуд.

Ҳадафи асосии иштирок дар ин чорабинии байналмилалӣ таҳкими робитаҳои илмӣ ва академии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Халқии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами рақамикунонии низоми маориф, густариши ҳамкориҳо дар самти таҳқиқоти илмӣ, мубодилаи таҷриба ва роҳандозии лоиҳаҳои муштараки таълимӣ ва амалӣ буд.

Дар доираи конфронс иштирокчиён масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои байни донишгоҳҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ, ҳамгироии илм бо истеҳсолот, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, рушди инноватсия, таҳқиқоти муштарак ва татбиқи натиҷаҳои илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, мулоқотҳои судманд бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардида, имкониятҳои ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои мубодилаи устодону донишҷӯён, иҷрои лоиҳаҳои байналмилалӣ ва таҳқиқоти муштарак муҳокима шуданд.

Иштироки намояндаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  дар ин конфронси бонуфуз боз як қадами муҳим дар роҳи густариши фаъолияти байналмилалии донишгоҳ ба ҳисоб меравад.




Ба рӯйхат