,
Сешанбе, 30-июн
Дар ҷаласаи васеи кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии унвонҷӯи кафедра Набиева Муқаддас дар мавзуи “Шароитҳои педагогии такмили низоми арзёбии дониш, маҳорат ва малакаҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”, зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, мудири шуъбаи педагогика ва таҳсилоти муосири Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Гулмадов Файз баргузор гардид.
Дар ҷараёни муҳокима иштирокчиён ва муқарризони холис ҷанбаҳои муҳими рисолаи илмиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба такмил ва беҳтар намудани он пешниҳоду тавсияҳои судманд ироа намуданд. Рисолаи илмӣ бо дарназардошти эроду тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои баррасӣ дар марҳилаи минбаъда тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ба онҳо муваффақиятҳои нав орзу менамояд.