,
Душанбе, 29-июн
29 июни соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Дипломатияи сулҳофарии Тоҷикистон дар асри XXI: аз ташаббусҳои миллӣ то эътирофи глобалӣ» баргузор гардид. Ҳамоиш ба муносибати бо иттифоқи оро пазируфта шудани ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036)» доир гардида, аҳли илм, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ аз ин рӯйдоди таърихии дипломатияи тоҷик бо эҳсоси баланд ватандорӣ истиқбол намуданд.
Ҳамоишро ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки қабули ин қатънома эътирофи байналмилалии сиёсати сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишонаи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат мебошад. Зимни суханронӣ иброз дошт: «Боиси ифтихор ва саодатмандист, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ на танҳо ҳамчун давлати сулҳпарвару ваҳдатгаро, балки ҳамчун ташаббускори фаъоли рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ ва ҳамзистии осоишта муаррифӣ намудааст».
Ҳамзамон таъкид намуд, ки қабули ин қатъномаи таърихӣ боз як далели равшани он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз доираи иштирокчии равандҳои байналмилалӣ гузашта, ба яке аз ташаббускорони асосии рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ табдил ёфтааст. Ба таъкиди ректор ин дастоварди муҳими сиёсати хориҷии кишвар масъулияти ҷомеаи илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олиро низ бештар мегардонад, зеро тарбияи ҷавонон дар руҳияи сулҳпарварӣ, таҳаммулгароӣ, худшиносии миллӣ ва омӯзиши амиқи таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон аз вазифаҳои калидии онҳо ба шумор меравад. Дар идома изҳори итминон намуд, ки ҳайати омӯзгорону муҳаққиқони донишгоҳ минбаъд низ дар таҳқиқ ва тарғиби арзишҳои сулҳ, дипломатияи созанда ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Сипас, мудири кафедраи методикаи таълими таърих, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси таърих Холмуродзода Меҳрафрӯз Бӯрӣ дар мавзуи «Нақши Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ» маърӯза намуда, таъкид кард, ки қабули қатъномаи нав далели равшани он аст, ки дипломатияи Тоҷикистон имрӯз дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ нақши муассир дорад. Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон аз доираи арзишҳои миллӣ гузашта, ба як модели эътирофшудаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст ва ташаббусҳои пайдарпайи Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ аҳамияти бузурги стратегӣ доранд.
Дар идомаи ҳамоиш номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Абдуллоев Насулло Сайфиддинович дар мавзуи «Ваҳдатгароӣ - омили асосии сулҳу субот ва пешрафти ҷомеа» суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ваҳдати миллӣ заминаи асосии татбиқи сиёсати муваффақи хориҷии Тоҷикистон мебошад. Ӯ зикр кард, ки маҳз суботи дохилӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ба андешаи ӯ, қабули қатъномаи нави Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро ҳамчун дастоварди муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пирӯзии навбатии дипломатияи тоҷик арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки татбиқи ғояҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии осоишта вазифаи муҳими ҷомеаи илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад. Ҳамчунин онҳо омодагии худро барои таҳқиқ, омӯзиш ва тарғиби ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарҳанги сулҳ дар муҳити илмӣ ва таълимӣ изҳор доштанд.