, Душанбе, 29-июн

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ


МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Дар ҷаласаи кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи илмии унвонҷӯи кафедра Дустов Насим Отахонович дар мавзуи “Вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Мовароуннаҳр дар асрҳои 16-ибтидои асри 17 дар асоси сарчашмаҳо ва маъхазҳои таърихӣ”, зери роҳбарии номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Боқиев Рузибек баргузор гардид.

Дар ҷараёни муҳокима иштирокчиён ва муқарризони холис ҷанбаҳои муҳими рисолаи илмиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба такмил ва беҳтар намудани он пешниҳоду тавсияҳои судманд ироа намуданд. Рисолаи илмӣ бо дарназардошти эроду тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои баррасӣ дар марҳилаи минбаъда тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ба онҳо муваффақиятҳои нав орзу менамояд




Ба рӯйхат