, Душанбе, 29-июн

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026 ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲО БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ НАВ


НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026 ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲО БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ НАВ

Имрӯз, 26-уми июни соли 2026,  дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ бо иштироки ҳайати васеи профессорону омӯзгорон, устодону кормандон баргузор гардида, зимни он фаъолияти муассиса дар соли таҳсили 2025-2026 мавриди натиҷагирӣ қарор дода шуд.

Кори ҷаласа нахуст дар толори Шурои олимон бо иштироки аъзои Шуро оғоз гардида, тибқи рӯзномаи он масъалаҳои муҳимми фаъолияти кории донишгоҳ, ки дар нақшаи корӣ пешбинӣ гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сипас, ҷаласа дар толори фарҳанги донишгоҳ бо иштироки ҳайати васеи профессорону омӯзгорон, кормандон, роҳбарони сохторҳо ва дигар намояндагони ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ идома ёфта, ҳисоботи ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар соли таҳсили 2025-2026 шунида шуд.

Ректори донишгоҳ зимни ироаи ҳисоботи муфассал фаъолияти тамоми сохторҳои муассисаро дар самтҳои таълим, илм ва инноватсия, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ, рушди инфрасохтор, фаъолияти иҷтимоӣ ва идорӣ бо таҳлили амиқу ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қайд гардид, ки соли таҳсили 2025-2026 бо баҳрамандӣ аз сиёсати хирадмандонаву маорифпарварона ва ҳидоятҳои созандаву роҳнамои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ соли воқеан таърихӣ ва пур аз дастовардҳои назаррас ба ҳисоб рафта, ба омодагиҳои ҳамаҷониба ҷиҳати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии таъсисёбии донишгоҳ рост омад. Маҳз ҳамин омил ба фаъолияти ҳайати профессорону омӯзгорон руҳу илҳоми тоза бахшида, заминаи рушди минбаъдаи муассисаро фароҳам овард.

Зимни ҳисобот таъкид гардид, ки дар соли таҳсил дастаи олимпии донишгоҳ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо соҳиб гардидани 15 ҷойи ифтихорӣ миёни 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сазовори мақоми дуюм гардида, яке аз дастовардҳои муҳимми таълимии муассиса ба шумор меравад.

Ҳамзамон, дар самти рушди иқтидори илмӣ ва инноватсионӣ низ дастовардҳои назаррас ба қайд гирифта шуданд. Аз ҷумла, ихтироъкорони донишгоҳ соҳиби як қатор патент ва шаҳодатномаҳои ихтироъ гардида, Нахустпатент барои ихтирои «Дастгоҳи шустушӯйи ғалладона (AgroTaj)» ба даст оварда шуд.

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ бо 16 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ аз давлатҳои Британияи Кабир, Чин, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Узбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида, ҳамзамон омӯзгори хориҷӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои тадриси забони англисӣ ҷалб карда шуд, ки ин раванд ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сифати омӯзиши забонҳои хориҷӣ мусоидат намуд.

Ректори донишгоҳ ҳамчунин аз тадбирҳои муҳими иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии ҳайати омӯзгорон ёдовар гардида, иброз доштанд, ки ба истиқболи 80-солагии таъсисёбии донишгоҳ музди меҳнати кормандон аз ҳисоби маблағҳои махсус 10 фоиз зиёд карда шуда, ҳаҷми мукофотпулӣ барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ низ чандин маротиба афзоиш дода шуд.

Дар ҳисобот зикр шуд, ки дар соли таҳсили 2025-2026 дар донишгоҳ 58 синфхона пурра таъмиру таҷдид гардида, 33 синфхона дар доираи иқдоми донишгоҳии «Пайванди наслҳо» бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз ва ба номи олимону собиқадорони соҳа номгузорӣ карда шуданд. Ҳамчунин, озмоишгоҳҳои нави таълимӣ таъсис ёфта, заминаи моддию техникии муассиса боз ҳам тақвият дода шуд.

Қайд гардид, ки дар самти фаъолияти илмӣ 21 нафар омӯзгор рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя намуда, олимону омӯзгорон беш аз 1100 маводи илмӣ, аз ҷумла монографияҳо, мақолаҳо ва дастурҳои таълимиро ба нашр расониданд.

Аз дастовардҳои назарраси илмӣ ва эҷодии донишҷӯён низ ёдоварӣ карда шуда, муваффақияти донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», «Магистранти сол» ва дигар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ баланд арзёбӣ гардид.

Зимни натиҷагирӣ, ректори донишгоҳ бо ишора ба дастовардҳои бадастомада, инчунин масъалаҳои ҳалталабро таҳлил намуда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, тақвияти иқтидори илмӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои таҳқиқотӣ, рушди низоми рақамикунонӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ба масъулин вазифаҳои мушаххас вогузор намуданд.

Дар бахши музокирот доктори илмҳои педагогӣ Бозоров Хушвахт, дотсент Худойдодова Шарофат ва номзади илмҳои фалсафа Зайналов Қурбон баромад намуда, ба ҳисоботи ректори донишгоҳ баҳои баланд доданд. Номбурдагон дастовардҳои бадастомадаро натиҷаи фаъолияти дастаҷамъонаи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ арзёбӣ намуда, таҳлилҳои ироагардидаро амиқу фарогир ва вазифагузориҳои пешниҳодшударо саривақтӣ ва муҳим маънидод карданд.

Дар ҳошияи ҷаласаи натиҷагирӣ як қатор профессорону омӯзгорон, устодон ва кормандони донишгоҳ барои фаъолияти самаранок, саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф, фаъолияти илмӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Сипосномаи Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин, дар идомаи ҷаласа маросими тантанавии супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони соли 2026 баргузор гардида, ба 87 нафар хатмкунанда, аз ҷумла 70 нафар хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва 17 нафар хатмкунандагони зинаи магистратура дипломҳои аъло тақдим карда шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёнро барои фаъолияти пурсамар изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ минбаъд низ бо масъулияти баланди касбӣ барои татбиқи сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумат, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди ҳамаҷонибаи муассиса саъю талош хоҳад намуд.




Ба рӯйхат