,
Сешанбе, 09-июн
6-уми июни соли 2026 ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихӣ ва мондагори фарзандони барӯманди миллат ба оромгоҳи Лучоб дар шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Ҳайати устодон бо гузоштани гулчанбар ва адои эҳтиром ба оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад, аз корномаҳои пуршарафи онҳо дар роҳи ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ ёдовар шуданд.
Зимни маросими арҷгузорӣ таъкид гардид, ки бо ибтикор ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муште аз хоки оромгоҳи ин шахсиятҳои барҷаста ба Ватан оварда шуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ аз хизматҳои таърихии онҳо дар роҳи бунёди давлатдории навини тоҷикон маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.
Дар ҷараёни боздид иштирокчиён таъкид намуданд, ки гиромидошти хотираи шахсиятҳои фидокори миллат, посдории арзишҳои таърихӣ ва арҷгузорӣ ба саҳми онҳо дар рушди давлату миллат, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ, болоравии эҳсоси ватандӯстӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба шумор меравад.
Ин иқдом бозгӯи пайванди устувори гузаштаву имрӯз ва нишонаи эҳтироми амиқ ба шахсиятҳое мебошад, ки бо ҷоннисорӣ ва садоқати худ дар бунёди пояҳои давлатдории тоҷикон нақши таърихӣ гузоштаанд.