,
Сешанбе, 09-июн
Дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи таҳкими давлатдорӣ аҳамияти хоссаи илмӣ ва амалӣ касб намудааст. Таҳлили таҷрибаи таърихии давлатҳои гуногун нишон медиҳад, ки пойдорӣ ва рушди давлатҳо ба омилҳои гуногун, аз ҷумла сатҳи худшиносии миллӣ, ваҳдати иҷтимоӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва эҳтиром ба мероси маънавии халқҳо иртиботи ногусастанӣ дорад. Дар ин замина, Ваҳдати миллӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ ҳамчун унсурҳои муҳими таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеа мақоми махсус пайдо намуда, дар раванди ташаккул ва таҳкими давлатҳои муосир нақши муассир мебозанд.
Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози марҳилаи нави таърихӣ ва давлатсозии миллӣ маҳсуб меёбад. Аммо солҳои аввали истиқлолият дар баробари дастовардҳои муҳими сиёсӣ, бо мушкилот ва буҳронҳои гуногун ҳамроҳ гардиданд. Дар натиҷаи авҷ гирифтани ихтилофоти сиёсӣ ва гурӯҳӣ ҷомеа ба муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ кашида шуд ва ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ба яке аз фоҷиабортарин саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон табдил ёфт. Ин вазъият ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва суботи иҷтимоӣ таъсири ҷиддӣ расонида, хатари коста гардидани пояҳои давлатдории навини тоҷиконро ба миён овард. Дар чунин шароити сарнавиштсоз масъалаҳои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, барқарор намудани сулҳу субот, таъмини ваҳдати ҷомеа ва таҳкими асосҳои давлатдорӣ аҳамияти аввалиндараҷа касб намуданд.
Маҳз дар ҳамин давра зарурати муттаҳид намудани ҷомеа ва таъмини ризоияти миллӣ ба миён омад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ тавонист ҷомеаи тоҷикро аз вартаи парокандагӣ наҷот диҳад ва заминаҳои устувори рушди давлатро фароҳам оварад. Ваҳдати миллӣ танҳо хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ набуд, балки оғози марҳилаи нави давлатсозӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид. Бинобар ин, Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузургтарини таърихи навини Тоҷикистон эътироф шудааст.
Аз нуқтаи назари илмӣ, Ваҳдати миллӣ ҳолати ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмии неруҳои сиёсӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад, ки ба таъмини манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат мекунад. Дар шароити Тоҷикистон ин мафҳум ба рамзи сулҳу субот, оромии ҷомеа ва пешрафти давлат табдил ёфтааст. Имрӯз тамоми дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ маҳз дар заминаи Ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд.
Дар баробари Ваҳдати миллӣ, хотираи таърихӣ низ ҳамчун яке аз пояҳои асосии давлатдорӣ аҳамияти махсус дорад. Хотираи таърихӣ маҷмӯи донишҳо, арзишҳо ва таҷрибаи таърихии миллат мебошад, ки тавассути он ҷомеа гузаштаи худро дарк намуда, барои ояндаи худ ҳадафҳои мушаххасро муайян мекунад. Миллате, ки таърихи худро намедонад ва ба мероси гузаштагони худ эҳтиром намегузорад, наметавонад давлатдории устувор ва худшиносии қавӣ дошта бошад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи омӯзиши таърихи миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Таҳқиқи саҳифаҳои гуногуни таърихи миллат, омӯзиши мероси моддӣ ва маънавӣ, эҳтиром ба хизматҳои шахсиятҳои барҷаста ва барқарор намудани адолати таърихӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти бузург пайдо намуд. Ин раванд ба таҳкими пояҳои маънавии давлатдорӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ мусоидат кард.
Дар ин самт омӯзиш ва гиромидошти фаъолияти шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ мақоми махсус дорад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ хизматҳои арбобони давлатӣ ва ҷамъиятии ибтидои асри ХХ, аз ҷумла Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз нав мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Ин шахсиятҳо дар ташаккули давлатдории тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди сохторҳои давлатӣ саҳми арзанда гузошта буданд. Бо вуҷуди он ки онҳо қурбонии таъқиботҳои сиёсии даврони худ шуданд, дар замони истиқлолият адолати таърихӣ нисбат ба онҳо тадриҷан барқарор гардид.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими марбут ба эҳёи хотираи таърихӣ баргардонидани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат - Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ба Тоҷикистон мебошад. Ин иқдом аҳамияти амиқи сиёсӣ, таърихӣ ва маънавӣ дорад, зеро эҳтиром ба хотираи чунин шахсиятҳо нишонаи арҷгузорӣ ба таърихи давлатдорӣ ва эътирофи саҳми онҳо дар ташаккули давлатдории миллӣ мебошад.
Баргардонидани мушти хоки ин фарзандони фарзонаи миллат ба Ватан дар асл таҷассумгари сиёсати эҳёи адолати таърихӣ мебошад. Ин иқдом ба ҷомеа паём медиҳад, ки давлат хизматҳои фарзандони содиқи худро фаромӯш намекунад ва барои ҳифзи хотираи онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад. Чунин амалҳо дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳсоси ифтихори ватандорӣ ва пайванди маънавии байни наслҳо нақши муҳим мебозанд.
Дар раванди таҳкими Ваҳдати миллӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон махсус арзёбӣ мегардад. Фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ барои рушди давлатдорӣ аҳамияти бунёдӣ дорад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба омӯзиши таърихи миллат, эҳёи мероси фарҳангӣ ва гиромидошти шахсиятҳои таърихӣ барои ташаккули худшиносии миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки Ваҳдати миллӣ ва хотираи таърихӣ ду мафҳуми ба ҳам зич алоқаманд мебошанд. Агар Ваҳдати миллӣ суботи сиёсӣ ва ҳамбастагии ҷомеаро таъмин намояд, хотираи таърихӣ асосҳои маънавӣ ва фарҳангии ин ҳамбастагиро мустаҳкам мегардонад. Ҳамин тавр, онҳо ҳамчун ду омили муҳими рушди давлатдорӣ амал намуда, барои таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат мекунанд.
Ҳамин тариқ, таҳлили таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки Ваҳдати миллӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ аз ҷумлаи муҳимтарин омилҳои таҳкими давлатдорӣ мебошанд. Онҳо барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, рушди худшиносии миллӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва таҳкими пояҳои маънавию сиёсии ҷомеа аҳамияти ҳалкунанда доранд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир нигоҳдорӣ ва таҳкими ин арзишҳо ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа боқӣ мемонад. Зеро ояндаи устувори ҳар як давлат пеш аз ҳама ба сатҳи ваҳдат, худшиносӣ ва эҳтироми ҷомеа ба таърихи худ вобаста мебошад.
Абдуллоев Маҳмуд - д.и.т., профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Каримзода Исроил-муаллими калони кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих