, Чоршанбе, 20-май

ВАРЗИШ – ОМИЛИ ТАҲКИМИ РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ


ВАРЗИШ – ОМИЛИ ТАҲКИМИ РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷуёни донишгоҳ мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва гуштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» дар соли 2026 роҳандозӣ гардида, имрӯз, 18.05.2026 дар вазъияти тантанавӣ маросими қадрдонии ғолибони мусобиқаҳои мазкур баргузор гардид.

Дар маросими қадрдонӣ ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, сардорони раёсату бахшҳо, ҳайати омузгорон ва донишҷуёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва дастгирии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои рушду камолоти насли ҷавон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Таъкид гардид, ки имрӯз варзиш на танҳо омили таҳкими саломатӣ, балки воситаи муҳими тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, иродаи қавӣ ва масъулиятшиносӣ миёни ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, ректори донишгоҳ ҷавонону донишҷуёнро ба тарзи ҳаёти солим, донишомузӣ, худтакмилдиҳӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ва варзишӣ даъват намуда, изҳор дошт, ки маҳз ҷавонони соҳибмаърифат, ҷисман солим ва дорои ҷаҳонбинии васеъ метавонанд дар оянда ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа барои рушду пешрафти давлату миллат саҳми арзанда гузоранд.

Ёдовар бояд шуд, ки мусобиқаҳои варзишӣ дар фазои рақобати солим, руҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баргузор гардида, иштирокчиён маҳорати варзишӣ, иродаи мустаҳкам ва омодагии хуби ҷисмонии худро ба намоиш гузоштанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намуди футболи хурд миёни дастаҳои факултетҳои донишгоҳ ва ғолибони мусобиқаи гуштини миллӣ, ки дар чаҳор вазн: 65, 71, 78 ва +86 килограмм миёни ҳам сабқат намуданд, аз ҷониби ректори донишгоҳ бо Ҷом, диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.




Ба рӯйхат