, Сешанбе, 12-май

ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ РАДИО


ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ РАДИО

Дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ ҳамоиши илмӣ дар мавзуи “Радио ҳамчун воситаи асосии интиқоли иттилоот” бахшида ба Рӯзи радио баргузор гардид.

Дар ҳамоиш дотсент, мудири кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ Шарипов Аламшо дар мавзуи “Радио – василаи иртибот ва садои таърих” ва муаллими калони кафедраи мазкур Аламова Хатича дар мавзуи “Таъсисёбии радио” баромад намуданд.

Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки радио ҳамчун яке аз муҳимтарин воситаҳои иртиботӣ дар рушди ҷомеа, густариши фазои иттилоотӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон нақши муассир дошта, то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ доштааст




Ба рӯйхат