, Сешанбе, 12-май

ДДК - ДУЮМИН МУАССИСАИ ПЕШСАФИ ҶУМҲУРӢ


ДДК - ДУЮМИН МУАССИСАИ ПЕШСАФИ ҶУМҲУРӢ

8 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими ҷамъбастии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» баргузор гардид. Олимпиада ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он 490 нафар донишҷӯ аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи 15 фанни таълимӣ иштирок намуданд.

Дар маросими ҷамъбастӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳим Саидзода таъкид намуданд, ки баргузории чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷавонони болаёқат, рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва ташаккули муҳити солими рақобат нақши муҳим дорад.

Боиси ифтихор аст, ки дастаи олимпии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ин олимпиада натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷойи дуюмро соҳиб гардид. Ин дастоварди арзанда самараи заҳмати пайвастаи устодону донишҷӯён ва таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба рушди илм ва таҳсилоти босифат арзёбӣ мешавад.

Аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳо аз 15 фанни таълимӣ, дастаи олимпии донишгоҳ соҳиби 15 ҷойи ифтихорӣ гардид, аз ҷумла:

  • 2 ҷойи аввал;
  • 6 ҷойи дуюм;
  • 5 ҷойи сеюм;
  • 2 ҷойи ифтихорӣ.

Ин натиҷа нишон медиҳад, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар самтҳои гуногуни илмӣ сатҳи баланди дониш, малака ва омодагии касбиро соҳиб буда, тавонистанд миёни беҳтарин донишҷӯёни ҷумҳурӣ мавқеи шоиста касб намоянд.

Муваффақияти дастаи олимпии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бозгӯи нуфузи афзояндаи муассиса дар фазои илмӣ ва таълимии кишвар буда, барои дигар донишҷӯён намунаи ибрат ва ангезаи нав барои расидан ба қуллаҳои баланди дониш ба ҳисоб меравад.




Ба рӯйхат