, Сешанбе, 12-май

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЛИТЕРАТУРНЫЙ РАССВЕТ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ЛИТЕРАТУРНЫЙ РАССВЕТ”

Дар кафедраи адабиёти хориҷӣ ва методикаи таълими забон ва адабиёти руси факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили доимамалкунандаи “Литературный рассвет” бахшида ба гиромидошти хотираи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 баргузор гардид. Дар маҳфил садорати факултет, мудири кафедра, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни аъзо фаъолона иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи маҳфил таъкид гардид, ки гиромидошти хотираи қаҳрамонони ҷанг ва тарбияи руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ миёни ҷавонон аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад.

Дар идома донишҷуи курси панҷуми факултет Саидова М. бо маърузаи худ таҳти унвони «Сопоставление главных образов в рассказе “Свидание”» ва донишҷуи курси чорум Шарифзода М. дар мавзуи «Традиционные жанры и мотивы в романе “Тристан и Изольда”» баромад намуданд.

Ҳамчунин, дигар донишҷуён вобаста ба мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маърузаҳо ироа намуда, шеърҳо қироат карданд ва сурудҳои ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардониданд. Таъкид гардид, ки чунин маҳфилҳо дар баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, рушди тафаккури адабӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстии ҷавонон нақши муассир доранд.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_f2dr90p8505qjkdn3qrhqq96hh in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_f2dr90p8505qjkdn3qrhqq96hh): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_slo4h87sk83j86s48bmpc8md5l in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_slo4h87sk83j86s48bmpc8md5l): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274