, Сешанбе, 12-май

БОЗДИДИ ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ КӮДАКИСТОНИ “СИТОРА”-И ДОНИШГОҲ АЗ ОСОРХОНА ВА БОҒИ ҲАЙВОНОТ


БОЗДИДИ ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ КӮДАКИСТОНИ “СИТОРА”-И ДОНИШГОҲ АЗ ОСОРХОНА ВА БОҒИ ҲАЙВОНОТ

Дар пайравӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзудани ҳисси хештаншиносӣ ва бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ дар замири насли наврас санаҳои 6-7.05.2026 тарбиятгирандагони кӯдакистони “Ситора”-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700-солагии Кӯлоб ва Боғи ҳайвоноти шаҳри Кӯлоб боздид намуданд.

Ҳангоми боздид аз осорхона кӯдакон бо осори ниёгон, бозёфтҳои куҳани ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла кулолгарӣ, заргарӣ, дуредгарӣ ва дигар намунаҳои таърихию фарҳангӣ шиносоӣ пайдо карданд. Инчунин, дар Боғи ҳайвоноти шаҳри Кӯлоб тарбиятгирандагон аз наздик бо намудҳои гуногуни ҳайвонот ва парандагон ошно гардида, донишу ҷаҳонбинии худро васеъ намуданд.

Таъкид гардид, ки чунин иқдомҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ барои тарбияи маънавӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳамияти муҳим дошта, дар замири кӯдакон эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва табиати кишварро тақвият мебахшанд. Гуфта шуд, ки чунин чорабиниҳои маърифатӣ аз ҷониби кормандони кӯдакистони донишгоҳ минбаъд низ идома дода мешаванд.




Ба рӯйхат