,
Сешанбе, 12-май
Дар маркази рушди касбӣ ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Санъати худмуаррифӣ: чӣ тавр CV-и беҳтарин омода кунем ва дар мусоҳиба (interview) муваффақ гардем?» баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур омода намудани донишҷӯён барои иштирок дар барномаҳои табодули академӣ, дарёфти грантҳои байналмилалӣ ва инчунин баланд бардоштани сатҳи омодагии онҳо барои ворид шудан ба бозори меҳнат мебошад. Дар доираи семинар иштирокчиён доир ба фарқияти CV ва резюме, қоидаҳои асосии таҳияи ҳуҷҷатҳои шахсӣ, тарзи дурусти муаррифии малакаҳо ва қобилиятҳо, инчунин нозукиҳои омодагӣ ба мусоҳибаҳои корӣ маълумоти муфид дарёфт хоҳанд кард.
Семинар аз ҷониби мутахассиси соҳибтаҷриба дар самти таҳия ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои байналмилалӣ ва рушди малакаҳои ҷавонон, дотсент Сайдалиев Додарбек баргузор гардида, ба иштирокчиён имконияти такмили дониш ва малакаҳои амалӣ фароҳам меорад.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии донишҷуён, рушди малакаҳои касбӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳми назаррас мегузорад