, Ҷумъа, 01-май

ВОХӮРИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ


ВОХӮРИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохурии судманди кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Баротзода Тоҳир, муовини аввали сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, сардори ШВКД дар шаҳри Кӯлоб полковники милитсия Саидзода Тоҷиддин ва дигар масъулини соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар», татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин иштироки фаъолонаи ҷавонон дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, масъулин доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аз худ намудани технологияҳои муосир ибрози назар намуда, ҷавононро ба донишандӯзӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа ҳидоят карданд.

Дар фарҷоми вохурӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин мулоқотҳо дар таҳкими маърифати ҳуқуқӣ, боло бурдани масъулияти шаҳрвандии ҷавонон ва омода намудани насли соҳибмаърифат барои ояндаи давлату миллат аҳамияти муҳим дорад.




Ба рӯйхат