, Сешанбе, 21-апрел

ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАВСЕА МЕЁБАД


ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАВСЕА МЕЁБАД

Дар доираи сиёсати «дарҳои боз» ва дар партави сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, миёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Донишгоҳи Қазоқистони Шарқӣ ба номи Сарсен Аманжолов мулоқоти судманд баргузор гардида, Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Зимни мулоқот ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ Сафарзода Мунир Ватан аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ва рушди муносибатҳои дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, бахусус дар самтҳои илму маориф, ёдовар гардида, онҳоро самараи сиёсати мутавозини роҳбарияти олии ду кишвар арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки дар заминаи санади баимзорасида ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла табодули устодону донишҷуён, роҳандозии барномаҳои муштараки таҳсилотӣ, ташкили конфронсу семинарҳои илмӣ, татбиқи лоиҳаҳои таҳқиқотӣ, нашри мақолаҳои илмӣ, таҳияи барномаҳои инноватсионӣ ва такмили ихтисоси омузгорон ба роҳ монда мешавад.

Зикр гардид, ки имзои ёддошти мазкур дар доираи татбиқи “Стратегияи рушди муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ барои солҳои 2026-2030” сурат гирифта, барои таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва воридшавӣ ба фазои байналмилалии таҳсилоти олӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.




Ба рӯйхат