,
Сешанбе, 21-апрел
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” баргузор гардида, беҳтарин иштирокчиён ба даври навбатӣ роҳхат гирифтанд. Озмуни мазкур ҳамасола тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омузиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав баргузор мегардад.
Дар маросими ифтитоҳи озмун ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ Сафарзода Мунир Ватан суханронӣ намуда, аз нақши илму дониш дар рушди ҷомеа ёдовар шуд ва таъкид кард, ки чунин озмунҳо барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, рушди тафаккури техникӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ҳамзамон, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон тартиби баргузории озмунро тибқи талаботи Низомнома шарҳ дода, иштирокчиёнро барои иштироки фаъол ва масъулона ҳидоят намуд.
Озмун аз рӯйи ҳашт номинатсия - математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ баргузор гардид. Дар даври донишгоҳӣ беш аз 80 нафар иштирокчӣ донишу малакаи худро санҷиданд. Дар натиҷа, беҳтаринҳо муайян гардида, барои иштирок дар даври шаҳрӣ пешниҳод шуданд.
Дар маҷмуъ, баргузории озмуни “Илм - фурӯғи маърифат” ба рушди ҷаҳонбинии илмии ҷавонон, сайқалёбии донишҳои онҳо ва тақвияти таваҷҷуҳ ба илмҳои дақиқ мусоидат намуда, ҳамчун заминаи муҳим барои пешрафти илму техника ва саноатикунонии кишвар арзёбӣ мегардад.