,
Чоршанбе, 01-апрел
Бо чунин унвон имрӯз (31.03.2026) бо ташаббуси факултети география ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар ва дар ҳошияи қабули қатъномаи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034” аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ бо иштироки коршиносони соҳа аз ташкилоту муассисаҳои кишвар ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Муовини ректори донишгоҳ, дотсент Камолзода Шодмон зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ олимону донишмандон, намояндагони ташкилоту муассисаҳои кишварро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, ҷиҳати иштирок ба онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки тағйирёбии иқлим имрӯз ба яке аз хатарҳои ҷиддии рушди устувори башарият табдил ёфтааст. Яке аз зуҳуроти нигаронкунанда ва ҳассоси он обшавии босуръати пиряхҳо ва вайроншавии криосфера ба шумор меравад. Дар ин раванд, минтақаҳои кӯҳӣ осебпазиртарин маҳсуб ёфта, тақдири миллионҳо одамон, захираҳои обӣ ва экосистемаҳои нозук зери хатар қарор доранд. Маҳз бо назардошти ҳамин вазъ, ҷомеаи ҷаҳонӣ солҳои охир ба қабули қатъномаҳои муҳими байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера рӯ овард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт мавқеи фаъол ва пешсафона дошта, масъалаҳои вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро пайваста дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ матраҳ менамояд. Қабули ташаббусҳои пешниҳодкардаи Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ далели он аст, ки кишвар ба ҳайси субъекти фаъолу таъсиргузори сиёсати ҷаҳонии экологӣ шинохта шудааст.
Дар қисмати пленарии конфронс 4 маърӯза, аз ҷумла Мамадризохонов Акбар - доктори илмҳои биологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, дар мавзуи “Вопросы устойчивого развития и устойчивого использования ресурсного потенциала горных регионов Таджикистана”, Ниёзи Ансор - номзади илмҳои география, дотсенти шуъбаи география ва зондкунонии фосилавии АМИТ, дар мавзуи “Доир ба хусусиятҳои ташаккули ландшафтҳои техногении Тоҷикистон”, Маҷидов Одиабой - номзади илмҳои техникӣ, мудири шуъбаи география ва зондкунонии фосилавии АМИТ, дар мавзуи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба ландшафтҳои кӯҳии Тоҷикистон”, Александр Иванович - доктори илмҳои географӣ, профессор, мудири кафедраи туризми Донишгоҳи давлатии миллии Перм, дар мавзуи “География туризма как научное и образовательное направление: как готовить специалистов для работы в туристической сфере” (тариқи маҷозӣ) ва Мирзоев Азиз - номзади илмҳои география, муаллими калони кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар мавзуи “Хушкшавии баҳри Арал ва таъсири он ба пиряхҳои Осиёи Марказӣ: дурнамо ва ояндабинӣ” мавриди баррасӣ ва муҳокимаву омӯзиш қарор дода шуд. Қайд гардид, ки таҳқиқоти илмии пешниҳодшуда барои дарёфти роҳҳои муассири мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи манбаъҳои табиӣ аҳамияти муҳим доранд.
Дар қисмати музокирот Холиқзода Сафар, дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими они муассиса баромад намуда, вобаста ба аҳамияти омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ва тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ин самт андешаронӣ кард.
Конфронс кори худро пас аз ҷаласаи ифтитоҳӣ тибқи барнома дар нимаи дуюми рӯз дар 2 бахш идома дода, маърӯзаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки беш аз 70 нафар олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ ва хориҷӣ маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд, ки барои баррасии масъалаҳои мубрами соҳа ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.