,
Ҷумъа, 13-март
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфилҳои гуногуни омӯзишӣ фаъолият менамоянд, ки барои баланд бардоштани донишҳои тахассусӣ ва такмили малакаҳои амалии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меоранд. Бо ҳамин мақсад, санаи 12 марти соли 2026 дар назди “Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ”-и муассиса маҳфили нав таҳти унвони “Чеварони гулдаст” таъсис дода шуда, ҷамъомади нахустини он баргузор гардид. Маҳфил зери роҳбарии дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он Мирзоева Бунафша роҳандозӣ шудааст.
Нахуст роҳбари маҳфил баромад намуда, доир ба ҳадаф ва аҳамияти фаъолияти маҳфил сухан гуфта, таъкид намуд, ки чунин маҳфилҳо барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар мусоидат мекунанд. Сипас, ӯ дар мавзуи “Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои ҳунармандӣ” андешаҳои худро баён намуд. Ҳамчунин, чевари марказ Қулатова Сурайё дар мавзуи “Заминаҳои пайдоиши санъати дӯзандагӣ ва рушди он дар замони муосир” баромад карда, оид ба таърихи пайдоиш ва аҳамияти ин ҳунари қадима маълумот пешниҳод намуд.
Дар фарҷоми ҷамъомад миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, таваҷҷуҳи донишҷӯён ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ таъкид гардид.