, Ҷумъа, 13-март

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ


БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи навбатии Раёсати донишгоҳ дар моҳи марти соли 2026 таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ва бо иштироки аъзоёни раёсат баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа масъалаҳои муҳимми самтҳои таълиму тарбия ва фаъолияти сохторҳои донишгоҳ мавриди баррасӣ ва муҳокимаву хулосабарорӣ қарор дода шуд.

Нахуст, доир ба масъалаи “Рафти иҷрои Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.07.2021, №265)” ҳуқуқшиноси донишгоҳ Назаров Бахтиёр шунида шуд. Сипас, роҷеъ ба “Вазъи таълиму тарбияи донишҷӯёни тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилкунанда дар факултетҳои донишгоҳ” ҳисоботи роҳбари гурӯҳи корӣ сардори шуъбаи ҷавонон Разоқов Наврӯз пешниҳод гардид. Ҳамзамон гузориши муовини ректор оид ба тарбия Шарифзода Одинамо доир ба “Тайёрӣ ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, ташкили озмунҳои донишгоҳӣ” шунида шуд.

Дар бахши масъалаҳои ҷорӣ аъзои раёсат вобаста ба самтҳои фаъолияти худ гузориш пешниҳод намуда, оид ба раванди корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва ташкилӣ маълумот доданд.

Ҳангоми баррасии масъалаҳо ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таҳкими интизом, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва иҷрои саривақтии нақшаҳо супоришҳои қатъӣ дод. Таъкид гардид, ки татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи фаъолияти ҳар як корманд бояд бошад.




Ба рӯйхат