, Ҷумъа, 13-март

КОРМАНДИ ДОНИШГОҲ БАРАНДАИ ҶОИЗАИ БА НОМИ ЛОҲУТӢ ГАРДИД


КОРМАНДИ ДОНИШГОҲ БАРАНДАИ ҶОИЗАИ БА НОМИ ЛОҲУТӢ ГАРДИД

Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ маросими супоридани як қатор ҷоизаҳои соҳавӣ ба рӯзноманигорони фаъол баргузор шуда, Алишери Абдулмаҷид - дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардид.

Ин дастоварди шоиста нишонаи қадршиносии фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандааш дар рушди журналистика, таҳкими арзишҳои касбӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа маҳсуб меёбад.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Алишери Абдулмаҷидро бо ин дастоварди арзанда самимона табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмиву эҷодӣ барору комёбиҳои бештар орзу менамояд.




Ба рӯйхат