, Душанбе, 09-декабр

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

 28.03.2023 227

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

Боиси шодмонӣ ва шукргузорист, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлол нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз ба рӯз рушд карда истодааст.

Дар такя ба ин андеша, месазад зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешад.

Хушбахтона соли 5-ум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар сартосари кишвари маҳбубамон гузаронида мешавад.

Ҳадафи асосии баргузории чунин озмунҳо ин пеш аз ҳама баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар мебошад.

Санаи 28-уми марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври донишгоҳии озмуни мазкур бо иштироки ноибони ректор ва деканону мудирони кафедраҳои донишгоҳ баргузор гардид.

Ҳайати комиссияи озмун аз шахсони мазкур: Худойдодова Шарофат, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Ашурова Нодира, доктори илмҳои филологӣ, дотсент, Холиқова Зайналбӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Зулфиев Гадомад, номзади илмҳои филологӣ, Шамшоди Ҷамшед, номзади илмҳои филологӣ, Бобоқулов Ҷумахон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Сафаров Файз, роҳбари маҳфили “Адибони ҷавон”-и донишгоҳ, Баротов Низом, муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ иборат буд.

Нахуст ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон суханронӣ намуда, ба  кори озмун барору комёбиҳо таманно намуданд.

Қобили қайд аст, ки дар назди кафедраҳои факултетҳои донишгоҳ маҳфилҳои доимамалкунандаи “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таъсис дода шуда, масъулони пешбарандаи маҳфилҳои мазкур аз ҳисоби омӯзгорону устодони собиқадор муқаррар карда шудаанд, ки дар тайёр намудани донишҷӯён ба озмуни мазкур пайваста корбарӣ менамоянд. Аъзоёни мафоҳилҳоро омӯзгорону донишҷӯёни  фаъол ташкил медиҳад.

Озмун дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ аз рӯи панҷ номинатсия: адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср гузаронида шуд ва дар маҷмӯъ 126 нафар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуда, 41 нафар ба даври донишгоҳӣ роҳхат ёфтанд. Дар даври донишгоҳӣ иштирокчиён малакаю маҳорат ва савияи дониши худро нишон дода, 26 нафарашон ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд.

Ҳамаи иштирокчиёни озмун бо низомномаи нави озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос шудаанд ва аз рӯи он бо кӯмаку дастгириҳои роҳбарону омӯзогорони худ ба озмун тайёрии ҷиддӣ дида истодаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар соли 2022 ду нафар донишҷӯёни донишгоҳ аз рӯи номинатсияҳои адабиёти классикии тоҷик ва адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойҳои 2-юм гардида буданд.




Ба рӯйхат