,
Шанбе, 20-декабр
Субҳи рӯзи шанбеи 20-уми декабри соли 2025 дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи умумии пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳайати роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории ин машқ таҳкими тарзи ҳаёти солим, боло бурдани рӯҳияи варзишӣ ва бедор кардани нерӯи ҷисмониву равонии донишҷӯён мебошад. Тамринҳо таҳти роҳбарии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он сурат гирифта, иштирокчиён маҷмӯи машқҳои гуногуни варзиширо иҷро карданд.
Иштироки пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ далолат бар он мекунад, ки масъалаи беҳдошти саломатии ҷавонон ва тарғиби зиндагии солим ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи онҳо қарор дорад. Баргузории ин гуна барномаҳо ҷузъи амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти рушди варзиш миёни ҷавонон ба шумор меравад.
Машқҳои пагоҳирӯзӣ минбаъд низ тибқи нақша идома хоҳанд ёфт.