,
Душанбе, 15-декабр
Рӯзҳои 12–13 декабри соли 2025 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизбони баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шамшербозӣ миёни ҷавонон (духтарон ва писарон) гардид. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, варзишгарон аз тамоми минтақаи кишварро ба ҳам овард.
Зимни маросими ҷамъбаст ва қадршиносии ғолибон муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, раиси Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон ҳамзамон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Суфизода Давлат, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Давлатҷон Ғаффорзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб Мадализода Дилшод, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон ва дигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки рушди соҳаи варзиш, аз ҷумла шамшербозӣ, зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Таъкид шуд, ки дастгирии давлатии соҳаи варзиш ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва омодасозии варзишгарони сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон изҳор гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳо дар муассисаҳои олии таълимӣ барои ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, рушди маҳорати касбии варзишгарон ва таҳкими ҳамкориҳои соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷом ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ бо медал, диплом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуда, ба онҳо барои дастовардҳои варзишӣ ва саҳмашон дар рушди шамшербозӣ изҳори миннатдорӣ баён гардид.
Пас аз анҷоми мусобиқа, вохӯрии раиси Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон бо мураббиён ва намояндагони ин риштаи варзиш баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи шамшербозӣ, омодасозии кадрҳои касбӣ, беҳтар намудани пойгоҳи моддию техникӣ ва густариши ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки дар оянда барои рушди ин намуди варзиш, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи касбии мураббиён тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.